Раҳоии узви “Гуруҳи 24” баъди 1 моҳи боздошт дар Аврупо
Мақомоти Финляндия Сулаймон Давлатов, зодаи 31-солаи ноҳияи Ваҳдатро, ки аз ҷониби мақомоти тоҷик дар ташкили гуруҳи ифротӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба ҳаракатҳои мусаллаҳонаи террористию экстремистӣ муттаҳам мешавад, аз боздошт раҳо кардаанд.
Давлатов, ки ҳамчун узви фаъоли созмони мамнуи “Гуруҳи 24” арзёбӣ мешавад, ба иттилои ҳаммаслаконаш аз тарси таҳқибу боздошт аз шаҳри Санкт Петербург ба Финляндия фирор карда буд, вале 20-уми феврали соли равон бо дархости мақомоти Тоҷикистон аз тарафи Интерпол боздошт гардидааст.
Дар иттилоияе, ки мақомоти Тоҷикистон ба Интерпол ироа кардаанд, таъкид шудааст, ки Сулаймон Давлатов бо ҳаммаслаконаш дар Русия гуруҳи ифротӣ ташкил намуда, дар интернет ба таблиғи ҳаракатҳои ифротӣ машғул шудаву шаҳрвандонро ба гуруҳҳои мусаллаҳи эктремистию террористӣ даъват менамудааст. Зикр шудааст, ки Давлатов дар ҷалби шаҳрвандон ба ҷангҳо дар кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Сурия даст дорад.
Дар иттилоияи Тоҷикистон, ки охири моҳи январи соли равон ба Интерпол ироа шудааст, инчунин гуфта шудааст, ки санади ҳабси Давлатов аз ҷониби Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ моҳи декабри соли 2014 содир шудааст ва дар сурати боздошташ ба мақомоти тоҷик фавран иттилоъ дода шавад.
Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар ин бора шарҳе ироа накардаанд ва дар сурати дастрас шудани назари онҳо “Озодагон” онро пешкаши хонандаҳо мекунад.