АКС: Хайри “экстрасенси маъруф” дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
Турсуной Зокирова, соҳибкорзан ва экстрасенси маъруф дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 23-юми март дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қайроқум 10 хонаро ройгон ба ниёзмандону ятимон тақдим намуд.
Ӯ зимни ифтитоҳи бинои панҷошёнаи истиқоматӣ, ки бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ сохтааст, худро пайрави Эмомалӣ Раҳмон гуфта, дар хитоб ба раисиҷумҳур афзуд, “шумо ятимпарвареду мо пайрави шумо...”.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бинои бунёдкардаи Турсуной Зокирова дорои 35 хонаи зебою барҳаво буда, 10 хонаи он ба маъюбон, ятимон ва оилаҳои ниёзманд ройгон тақдим гардид: “Калидҳои ин хонаҳо ба соҳибони хуштолеашон аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва худи соҳибкорзан супурда шуд. Тавре аён гардид, бинои истиқоматӣ ва хонаҳои он бо тарҳи зебо ва бо шароити мусоиди замонавӣ бунёд ёфтаанд”.
Инчунин Турсуной барои ҷарроҳии дили 14 кӯдаку навраси ниёзманд кӯмак карда, дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ятимхона, бемористони касалиҳои дил ва чанд бинои дигар изҳори омодагӣ кардааст.
Турсуной Зокирова дар баробари корҳои хайраш бо қобилияти фавқулодаи экстрасенсорияш дар қаламрави ИДМ маъруф буда, ғолиби барномаи машҳури “Битва экстрасенсов-4” мебошад.
Дар сомонаи махсуси Турсуной Зокирова дар шабакаи интернет гуфта шудааст, ки ӯ қобилияти фавқулодаи худро баъди фавти модараш кашф кардааст. Турсуной Зокирова соли 1956 дар шаҳри Хуҷанд дар як оилаи серфарзанд чашм ба дунё кушода, соҳиби 3 фарзанд мебошад: “Баъди таваллуди фарзанди сеюм табибон мегӯянд, ӯ мубталои саратони сина шудааст, вале Зокирова пешниҳоди ҷарроҳиро рад карда, баъди 14 соли мубориза бар ин беморӣ ғолиб шудааст. Пойҳои Зокирова низ баъди марги модараш дар соли 1993 аз кор мондаанд ва бо мушкилӣ роҳ мегаштааст. Гарчанде тамоми бадани Зокирова дард мекардааст, табибон даъвое наёфтаанд ва ниҳоят ӯ мустақилона ба табобати худу дигарон оғоз кардаааст”.
Дар сомонаи махсуси Турсуной Зокирова гуфта шудааст, ки ӯ иттилоъро ба воситаи тасбеҳу корд мегирад. Ӯ тасбеҳи махсусаш бо 121 гандумро дар вақти намоз дида, баъдан фармоиш медиҳад, ки барояш чунин тасбеҳро омода кунанд.
Ӯ, ки дар “Битва экстрасенсов-4” дар шабакаи ТНТ ғолиб шудааст, изҳор медорад, ки тоҷик аст, вале аз ғайб ба ӯ иттилоъ бо забони узбакӣ мебиёяд. Ӯ ба суол дар ин бора посух додааст, ки “ман узбак нестам ва ҳатто бо ин забон сухан гуфтан наметавонам. Аммо гуфтугӯҳои узбакиро мефаҳмам. Намедонам, барои чӣ, аммо фариштаҳоям бо ман бо забони узбакӣ сухан мегӯянд ва ман онро тарҷума карда, мерасонам”.