АКС: Комроншоҳи Устопириён қаҳрамони Наврӯз-2015
Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони варзидаи Тоҷикистон ва ғолиби чандин мусобиқоти байналмилалӣ дар рӯзи дувуми мусобиқаи куштии миллӣ дар Наврӯзи Хуҷанд шоҳҷоизаи мусобиқаро ба худ ихтисос дод.
Туҳфаи олӣ – сабукрави “Хундай”-ро ба Устопириён Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури нти Тоҷикистон тақдим намуд.
Дар даври ниҳоии мусобиқа Комроншоҳи Устопириён ҳарифаш -- Ҷурахон Назаровро шикаст дод.
Дар рӯзи аввали ин мусобиқаи куштии миллӣ, ки бо иштироки паҳлавонҳои дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ гузашт, дар вазни 55 кг Ҷомии Ҳасан, 60 кг Хушқадам Хусравов, 65 кг Тило Абдулозода, 70 кг Ҳамроз Раҷабов, 75 кг намояндаи Қазоқистон, 80 кг Аъзамшо Расулов, 86 кг Фирдавс Аминов, 95 кг, Абдуваҳҳоб Сатторов ва дар вазни + 95 Ҷурахон Назаров дастболо гардиданд. Барои ғолибони мақоми аввал 5000 сомонӣ мукофот аз ҷониби мубтакирони мусобиқа мукофот эъто шудааст.