Зокир ҲАСАН
Қиссаи мазкур воқеӣ буда, фасли тобистон дар яке аз навоҳии ҷануби мамлакат рух додаст. Ба хотири он ки шояд модари кӯдакбезор рӯзе аз амали норавои хеш пушаймон мегардад, аз овардани номҳои асосӣ худдорӣ намудем.
Бачаҳо баъди аз мактаб баргаштан ва истеъмоли хӯроки нисфирӯзӣ молҳояшонро пешандоз карда, ба саҳро бурданд. Ба лаби заҳбури назди қишлоқ расидан замон гиряи навзоде ба гӯшашон мерасад. Онҳо дар аввал музтар мемонанд, вале тез ба қароре омада, ба тарафи садои гиря мераванд.
Дар он сӯйи заҳбур ғори калоне буд, овози кӯдак аз ҳамон ҷо меомад. Бачаҳо ба ғор даромада, тифли навзодеро дар рӯйи хок диданд, ки мӯрчаҳо иҳотааш кардаанд. Зуд кӯдакро аз чуқурӣ бароварда, аз нодонӣ ба болои кулӯхҳои нӯгтези аз гармии офтоб тафсида мегузоранд. Тифл аз таъсири шуои офтоби сӯзон ва ҳарорати тоқатфарсои кулӯхҳои зери по почак зада, беист мегирист.
Бачаҳо ҳайратзада ба тифл менигаристанд ва чӣ кор карданашонро намедонистанд. Чунки онҳо ин гуна кӯдаки дар шикамаш «рӯдаи кашол»-у дароздоштаро бори аввал медиданд. Тифл ҳатто аз ҳамроҳак ҷудо карда нашуда буд.
Яке аз онҳо гуфт:
- Биёед, боз ба ғор медароем, ягонтои дигар набошад?
Онҳо ба чуқурӣ даромаданд. Торикиву сардии ғорро акнун эҳсос карда, дилашонро ваҳм фаро гирифт. Онро аз назар гузарониданӣ шуданд. Баногоҳ, дар шафати он ҷое, ки кӯдакро ёфта буданд, мори калонеро диданд. Мор ҳалқа зада мехобид. Бачаҳо доду фиғонкунон ҳамдигарро тела дода, аз ғор давида баромаданд. Аз тарс дасту пойҳояшон меларзид.
Баъди каме ба худ омадан ба хулосае омаданд, ки ду нафар дар назди кӯдак меистанд ва дигарон ба деҳа рафта, одамонро аз ин «бозёфт»-ашон огоҳ мекунанд. Ин хабарро шунидан баробар холаи Хадича бо ду-се нафар зани дигар расида омаданд. Холаи Хадича зуд тифлакро аз рӯйи кулӯхҳои гарм бардошта, бадани нозукашро аз мӯрчаҳо тоза намуд. Ӯро бо рӯймоли сафедаш печонид ва бошитоб ба ҷониби деҳа раҳсипор гашт.
Ӯ пеш-пеш тифл дар даст ва тамоми одамоне, ки ҷамъ шуда буданд, аз қафо медавиданд. Ба хона расидан замон ӯ бо ду-се зани кордида фавран нофи кӯдакро бурида, оббозӣ даронд ва шираш нӯшонд. Баъдан, ба духтур муроҷиат намуда, ӯро аз ташхис гузарониданд. Милитсияро ҳам даъват карданд, то ки аз қазия бехабар намонад.
Писару келини холаи Хадича чор сол мешавад, ки фарзанд намеёфтанд. Падаршӯяш бо аҳли оила маслиҳат карда, ба қароре омаданд, ки писару келинашон ин тифлакро ба фарзандхондӣ қабул кунанд. Ҳама розӣ шуданд. Ва бо қарори суди ноҳия ин хоҳиши онҳо ҷомаи амал пӯшид.
Аз холаи Хатича пурсидам, ки кӯдаки ёфтаашонро чӣ ном гузоштанд? Ӯ он рӯзро ба хотир оварда гуфт:
- Мавриде, ки ин кӯдак дар дастам ба деҳа бармегаштам, ҳама гӯё маро пешвоз мегирифта бошанд, дар гирдам ҷамъ омаданд. Ана ҳамон вақт қиссаи Бибимарям ба хотирам омад: Бибимарям ҳазрати Исоро дар дашт таваллуд мекунаду ба деҳа бармегардад. Тамоми аҳли деҳ Бибимарямро дида, гирди ӯ ҷамъ мешаванд.
Фикр кардам, ки саргузашти Бибимарям дар рӯзгори мо такрор гаштааст. Бинобар ин, номи ӯро якдилона Марямбону гузоштем. Ҳоло Марямбонуи зебои дустрӯяк дар оғӯши падару модар ба камол расида истодааст. Бо хандаҳои беғаш, бозиҳои дилпазир ва садои диловези кӯдаконааш фазои ин оилаи муддате орзуи тифл кардаро пур аз нишот сохтааст. Шодиву бозии ӯро мушоҳида карда, боварии кас намеояд, ки ин ҳамон кӯдак аст. Аммо он рӯзи ғайримуқаррарӣ аз ёди Хатича ва аҳли деҳ ҳеҷ гоҳ зудуда нахоҳад шуд. Охир он тифлеро, ки модари бераҳм дар нисфи шаб ба ғор афканда буд, мори заҳрнок дар наздаш истода зараре нарасонид! Ва гӯё морро раҳмаш омад, ки он тифли бегуноҳро ҳамроҳӣ кард. Дилаш нашуд ӯро дар ғори торик танҳо гузорад. Вале модари сангдилу кӯтоҳақл, ки худ «гуноҳ» карда буд, аз шармандагӣ ҳаросида, ӯро аз раҳмаш абадан ҷудо кард. Ва лучу урён дар шаби тор даруни ғор ҳаволаи тақдир намуд.
P.S: Ҳанӯз ҳам чунин ҳодисаҳои нанговар, аз қабили пайдо гардидани тифлакони навзод дар партовгоҳҳову қади ҷӯйбор аҳён – аҳён ба назар мерасанд Сабаби чунин бемеҳриву ноодамияти модаронро дар чӣ мебинед? Шояд дар рӯзгори Шумо низ чунин воқеаҳои нангин рӯй додаанд ва ё худ бевосита шоҳиди чунин як ҳолат будаед? Фикру мулоҳизаҳои Шуморо интизорем.