Панҷшанбе Мафтун мақоми дувуми “Ситораи афғон”-ро касб кард
Панҷшанбе Мафтун, ҳунарманде, ки дар озмуни “Ситораи афғон”-и телевизиони “Тулӯъ” бо сурудҳои маҳаллии тоҷикони Бадахшони Афғонистон баромад мекард, мақоми дувумро касб кард. Мақоми аввал дар ин барнома насиби Алии Соқӣ гардид.
Панҷшанбе Мафтун дар марҳилаҳои гуногуни озмун бо бартариҳои зиёде аз рақибони худ ҳамеша пешсаф буд ва баҳои баландро аз доварони барнома соҳиб мешуд. Соли гузашта низ як ҳунарманди дигари Бадахшон -- Довуди Пажмон то марҳилаи чорбеҳтарини ин озмун расида буд.
Панҷшанбе Мафтун бошандаи вулусволии Ишкошими Бадахшони Афғонистон ва аз шогирдони маҳаллихони маъруфи дигар Афғонистон -- Мири Мафтун мебошад, ки дар Тоҷикистон ҳам ҳаводорони зиёде дорад. Дар марҳилаи ниҳоӣ рақиби ӯ Алии Соқӣ, як афғони муҳоҷире, ки аз Суидан (Шветсия) дар ин лоиҳа ширкат мекард, буд.
Дар марҳилаи ниҳойии “Ситораи афғон” Панҷшанбе ҳамроҳии устодаш Мири Мафтун ҳам як оҳанги муштарак иҷро кард, ки матнаш паёми наврӯзӣ буд.
Озмуни "Ситораи афғон" аз ибтикороти телевизиони "Тулӯъ" мебошад, ки аз соли 2005 ба ин сӯ баргузор мешавад ва дар он овозхонҳои боистеъдоде аз миёни ҷавонон кашф мешаванд. Ғолибро дар марҳилаи ниҳойӣ раъйи мардум, ки тавассути паёмак аз дохил ва хориҷи Афғонистон мефиристанд, маълум мекунад.
Моҳира Тоҳирӣ дар Афғонистон: Хонаи ҳамсоя хонаи ман аст
Имсол бори даҳум аст, ки “Тулӯъ” ин лоиҳаи худро баргузор намуд. Дар қисмати финалии “Ситораи афғон” Моҳира Тоҳирӣ, хонандаи попи тоҷик ҳам ба ҳайси меҳмони фахрӣ ширкат намуд.
Ӯ дар ин барнома, таронаи "Майлиш"-ро иҷро кард ва ровии "Ситораи афғон" гуфт, ин суруд дар Афғонистон шунавандаи зиёд дорад. Моҳира изҳор дошт, ин таронаро барои вай Амирҷон Сабурӣ, яке аз хонандаҳои саршиноси афғон тақдим кардааст.
Моҳира Тоҳирӣ дар идома гуфт, ҳарчанд дар Наврӯз дар Тоҷикистон ҳузур надорад, аммо инҷо ҳам худро бегона ҳис намекунад: "Хонаи ҳамсоя хонаи ман аст".