Гуруҳи "Шамс" тоҷиконро дар Наврӯзи Русия муаррифӣ мекунад
Вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон хабар дод, ки имсол дар чанд шаҳру вилояти Русия ҷашни Наврӯз таҷлил мешавад.
Иброҳим Аҳмадов, котиби матбуоти намояндагии ин ниҳод дар Русия ба “Озодагон” гуфт, яке аз аввалинҳо шуда намояндагӣ ва Ҷамъияти тоҷикони кишвари Олтой бо номи “Ориёно” дар Барнаул Наврӯзро ҷашн гирифтанд, ки дар ин рӯз дар кучаҳои ин шаҳр наворҳои видеоӣ доир ба Тоҷикистон пахш шудаанд. Оростани хони наврӯзӣ бо суманаку, ҳафтсину ҳафтшин ва дигар таомҳои миллии хоси Наврӯз ба гуфтаи Аҳмадов писанди меҳмонони намояндаҳои миллатҳои дигар шудааст.
Ҳамчунин ба гуфти Иброҳим Аҳмадов ба шарофати Наврӯзи байналмилалӣ бо ташаббуси ҷамъиятҳои тоҷикон дар дигар манотиқи Русия низ Наврӯз таҷлил мешавад. Ҷамъияти тоҷикони минтақаи Краснодар – “Мусоидат” рӯзи 21-уми март дар ин замина мусобиқаи гӯштини миллиро баргузор менамояд, ки гуфта мешавад беҳтарин паҳлавонони Русия низ дар мусобиқа иштирок мекунанд.
Аҳмадов мегӯяд, ки дар Маскав бо ҳимояти шаҳрдории Маскав Наврӯз дар варзишгоҳи “Лужники” 21-уми март таҷлил мегардад, ки дар қисмати консертии он Тоҷикистонро гуруҳи “Шамс” бо роҳбарии Нобовар Чиноров намояндагӣ мекунад.
Манбаъ афзуд, ки сафорати Тоҷикистон дар Русия Наврӯзро дар меҳмонхонаи “Метропол” рӯзи 24-уми март ҷашн мегирад.