(ВИДЕО) Паёми наврӯзии Обама аз қавли Ҳофиз: Аз гул то гил
Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, 19-уми март бо нашри паёми шодбошӣ барои халқҳои таҷлилкунандаи Наврӯз, бо забони тоҷикӣ, “Наврӯз муборак” гуфтааст.
Дар паёми шодбошии Барак Обама, ки дар сафҳаи интернетии Кохи Сафед нашр гардидааст, аз ҷумла омадааст, “Наврӯз барои ҳазорон сол замоне барои ҷамъ шудан ҳамроҳи оилаву дӯстон ва истиқбол аз баҳори нав будааст. Ҳафтаи гузашта мо Наврӯзро дар Кохи сафед ҷашн гирифтем. Ин ҷашн бузургдоште буд барои фарҳангҳо, дӯстиҳо ва хӯрокҳову мусиқиҳои гуногун”.
Раисиҷумҳури Амрико афзудааст, ки ҳамроҳ бо ҳамсараш Мишел Обама ҳатто ҳафт сини худро чиданд, ки “намоёнгари умедҳои мо барои соли нав аст”.
Дар интиҳои паём президенти Амрико байте аз шеъри Ҳофизро бо забони англисӣ қироат намудааст:
Навбаҳор аст дар он кӯш, ки хушдил бошӣ,
Ки басе гул бидамад, боз ту дар гил бошӣ.