Муфтӣ: Дар мавриди Наврӯз ҳеч кас ҳукм накунад!
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз мардуми кишвар даъват намуд, ки дар мавриди иди Наврӯз аз нигоҳи дин ҳукм накунанд.
Абдулқодирзода рӯзи 20-уми март, дар хутбаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, “Наврӯз ҷашни миллӣ аст ва ба дин ҳеч рабте надорад. Бисёр хоҳиш мекунам, ки ҳеч кас дар ин маврид ҳукм накунад. Ҳамаи кишварҳои мусалмоннишину исломӣ идҳои миллии худро доранд ва ҳеч кас дар ин бора ҳукме намекунад”.
Раиси Шӯрои уламо Наврӯзро иди покӣ хонда, аз мардуми кишвар даъват намуд, ки дар ин ҷашн тозасозиро пеша кунанд.
Наврӯз - иди баҳор ва соли нав, ҷашни қадимӣ ва анъанавии мардуми эронинажод, аз ҷумла тоҷикон аст, ки таърихи беш аз 3 ҳазор сола дошта, ахиран аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ҷашни ҷаҳонӣ эълон шуд.