Вазорати маориф нашрияи кӯдакона таъсис медиҳад
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тасмим дорад барои кӯдакону наврасон як нашрия таъсис бидиҳад. Дар ин бора як манбаъ аз ин вазорат ба “Озодагон” иттилоъ дод.
Ба итилои ин манбаъ дар ин бора дар наздиктарин фурсат фармоиши вазири маориф ва илм содир мешавад ва асноди лозим барои номнавис шудан ба вазорати фарҳанг ва дигар ниҳодҳои дахлдор ирсол мешаванд.
Гуфта мешавад, ки номи ин нашрия “Дониш” хоҳад буд ва ҳамчун замимаи ҳафтаномаи “Омӯзгор” ба табъ мерасад, ки бояд дар шакли ҳафтанома ва ранга ба дасти хонандааш бирасад.