АКС: Эълони “роҳбандӣ”-ҳо дар Суғд барои Наврӯз
Шӯъбаи БДА дар вилояти Суғд мегӯяд, дар доираи баргузории чорабиниҳои оммавии “Наврӯз-2015” рӯзҳои 21 то 24 марти соли равон ҳаракати васоити нақлиёт тавассути бархе роҳҳои мошинрав қатъ мегардад.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи 21-ум дар кӯчаҳои ташрифотии шаҳри Чкалов, роҳҳои мошингарди “Чкалов-Қотма”, “Конибодом-Деҳмой”, “Галамайдон-Ёва”, кӯчаҳои Камоли Хуҷандӣ, Исмоили Сомонӣ ва маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд, шоҳроҳи “Хуҷанд-Ғафуров” ба самти шаҳри Қайроққум, санаи 22-юм аз шаҳри Қайроққум ба самти Боғи миллӣ, пас аз нисфирӯзӣ дар кӯчаҳои ташрифотии шаҳри Қайроққум, шоҳроҳи “Ғафуров-Хуҷанд”, кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд то варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият”, шоҳроҳи “Хуҷанд-Ғафуров” ба самти шаҳри Қайроққум, 23 март дар кӯчаҳои ташрифотии шаҳри Қайроққум, шоҳроҳи “Ғафуров-Хуҷанд” то “Қасри Арбоб”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 24 март дар кӯчаҳои ташрифотии шаҳри Қайроққум, шоҳроҳи “Хуҷанд-Ғафуров”, кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, Раҳмон Набиев, Сирдарё, “Чашма”, давраи “Ором”, шоҳроҳи “Душанбе-Чаноқ” то буриши роҳи “Мастчоҳ-Табошар” тавассути ҷамоатҳои Дадобой Холматов, Исмоил Ҳамзаалиев, Сомғор то шаҳри Қайроққум ва пас аз нисфирӯз дар кӯчаҳои ташрифотии шаҳри Қайроққум то шоҳроҳи “Ғафуров-Хуҷанд” ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдуд ва дар соатҳои зарурӣ қатъ мешавад: “Дар сурати баста шудани роҳ, ронандагони воситаҳои нақлиёт метавонанд, бо кӯчаҳои ҳамшафат ҳаракат намоянд”.