Умед Ҷайҳонӣ: Наврӯз бе солшумории миллӣ дар ҳадди рӯзи кадуву харбуза хоҳад буд
Ҳамасола дар остонаи ҷашни Наврӯз дар доираҳои мухталиф баҳси баргаштан ба солшумории ҳиҷрии хуршедӣ доғ мешавад. Имсол низ истисно набуд ва дар зимн “Озодагон” аз се соҳибназари тоҷик пурсид, ки “БАРОИ ГУЗАШТАН БА СОЛШУМОРИИ МИЛЛӢ ЧӢ МОНЕЪА ВУҶУД ДОРАД?”
Абдуқодири РУСТАМ, нависанда
Монеа ба назарам танҳо тавҷеҳи сиёсии ин мавзӯъ аст. Яъне зимомдорони ҳукмати Тоҷикистон метарсанд ба хашми Русия гирифтор бишаванд. Русия ҳар иқдомеро, ки кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар амри таҳаққуқи ҳувияти миллӣ анҷом медиҳанд, ба унвони берун рафтан аз маҳдудаи фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсии худ талаққӣ мекунад ва таҳлилгарону хабарнигоронашро алайҳи он кишвар бармеангезад.
Нурмуҳаммади АМИРШОҲӢ, таърихнигор
Замина вуҷуд надорад. Замина, ки вуҷуд надорад, чӣ гуна ба он мегузарем. Одитарин чиз гузаштан ба хатти форсӣ аст, ки ҳоло ба он омода нестем, ҳоло солшумориаш тамоман чизи дигар аст. Ҷомеаи Тоҷистон ба ин чиз тайёр нест. Чанд сол мо баҳс кардем ва мубориза бурдем, худи донишмандон ба ин чиз розӣ нестанд. Бадбахтӣ ин аст. Ҳеч кас дастгирӣ намекунад. Равшанфикрҳо, ки дастгирӣ намекунанд, ҳамин тавр мемонад.
Умед ҶАЙҲОНӢ, пажуҳишгар
Агар манзур аз солшумории миллӣ солшумории ҳиҷрии хуршедӣ аст, ки аз Наврӯз оғоз меёбад, монеъа ҳамин аст, ки он солшумории исломист. Дигар ин ки Наврӯз ҳам, ки сароғози он солшуморӣ аст, чандон аҳамияте надорад. Зеро аз як сӯ давлат, ки бо ойинҳои исломӣ мубориза дорад, ҳаргиз солшумории исломиро расмӣ нахоҳад кард, аз дигар сӯ, Наврӯз бе ин солшуморӣ ҳеч маънову мисдоқе нахоҳад дошт ва чизе дар ҳадди рӯзи кадуву харбуза хоҳад буд.