Сафари Раҳмон ба Хуҷанд ва ифтитоҳи беш аз 30 иншоот
Бахшида ба иди Наврӯз ва сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд беш аз 30 иншоот, аз қабили биноҳои истиқоматию корхонаи истеҳсолӣ ифтитоҳ хоҳад шуд.
Маъруф Мамадҷонов, муовини раиси шаҳри Хуҷанд рӯзи 20 март дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи як қатор иншоот ва Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ баъд аз таҷдиду бозсозӣ шахсан иштирок хоҳад кард.
Ба гуфтаи Мамадҷонов, қарор аст, бо ҳузури раисҷумҳури кишвар дар шаҳри Хуҷанд биноҳои нави қисми ҳарбии 3501-и Вазорати умури дохилӣ ва қисми сарҳадоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ду бинои истиқоматии 5 ошёна бо шумули корхонаи истеҳсолии “Порсои Хуҷанд” ва бинои нави “Тоҷиксодиротбонк” мавриди истифода қарор гиранд.
Муовини шаҳрдори Хуҷанд инчунин афзуд, бахшида ба Иди Наврӯз дар ҳудуди шаҳр чаҳор чойхонаи миллӣ ва баъзе аз иншоотҳои дигар низ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.
Бар асоси иттилои масъулини Вазорати фарҳанги Тоҷикистон имсол ҷашни асосии Наврӯзи байналмилалӣ рӯзи 22 марти соли равон дар шаҳри Хуҷанд бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон таҷлил мегардад. Барномаи аслии ин ҷашн соати 6-и шоми 22 март дар варзишгоҳи "Истиқлол"-и Хуҷанд бо иштироки меҳмонони хориҷӣ оғоз хоҳад шуд.