Раҳбари гуруҳи тафтишотии парвандаҳои Зайд Саидов мансаби нав гирифт
Фирӯз Холмуродзода сардори Раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Тоҷикистон таъйин шудааст. Дар ин бора як манбаъ аз Оҷонсии зидди фасоди молии кишвар дар суҳбат бо “Озодагон” рӯзи 20 март хабар дод.
Холмуродзода дар ин мақом Ҷамолиддин Муҳаммадзодаро иваз намуд, ки қаблан сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон таъйин гардид.
Фирӯз Холмуродзода то ҳол ба ҳайси муовини сардори раёсати тафтишоти Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон кор карда, роҳбари гуруҳи тафтишотии парвандаҳои Зайд Саидов, соҳибкори муваффақи зиндонии тоҷик ва вакили мудофеи маҳкумшудаи ӯ - Шуҳрат Қудратов дар агентӣ ба шумор мерафт.