Ҳамзамон, Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, шоми дирӯз дар як мусоҳибаи телевизионӣ дар ин бора хабар дод ва гуфт, ки рӯзҳои наздик гурӯҳи вижаи тафтишотиро ба Покистон мефиристад. Ӯ афзуд, ки агар Исломобод аз ҳамкорӣ дар ошкорсозии омилони куштори Раббонӣ сарпечӣ кунад, омода аст то ба СММ муроҷиат намояд. Ҳомид Карзай ҳамчунин гуфт, ки агар даст доштани “Толибон” дар куштори Бурҳонуддини Раббонӣ тайид шавад, музокирот бо ин ҷунбиш қатъ карда хоҳад шуд.
Ёдрас менамоем, Бурҳониддин Раббонӣ, раиси Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон, рӯзи сешанбеи 20-уми сентябр, аснои музокира барои сулҳ бо Толибон, аз сӯи як маргталаб дар хонааш кушта шуд. Мақомоти Афғонистон он вақт ба хабаргузориҳо гуфтанд, ки як маргталаб худро фиристодаи Толибон вонамуд карда ва бо маводи мунфаҷира, ки дар дастораш гузошта буд, Бурҳониддини Раббониро куштааст.Ин хабар тамоми Афғонистонро такон дод ва дар як лаҳзаи кӯтоҳ ҳазорон нафар ба хотири сӯгворӣ ва эътироз аз қатли Раббонӣ дар назди манзили ӯ ҷамъ омаданд.
Марҳум яке аз сиёсатмадорони машҳури Афғонистон маҳсуб гардида, дар солҳои ишғоли Афғонистон ба ҳаракати муқовимат раҳбарӣ карда, Ҷамъияти исломии ӯ нерӯҳои таҳти фармони Аҳмадшоҳи Масъудро зери чатри худ дошт. Вай дар сахттарин давра раҳбари Афғонистон буд ва талоши зиёде кард, то як кишвари ҷангзадаро ба сӯи салоҳ ва осоиш пеш барад.{jathumbnail off}