Муроҷиати ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба ниҳодҳои давлатӣ барои баррасии лоиҳаи қонуни муҳоҷират
Ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, ки дар самти химояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ фаъолият мекунанд, бо як муроҷиат аз ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон даъват карданд, дар баррасии оммавии тарҳи қонун оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ фаъол бошанд.
Дар муроҷиати мазкур, ки унвонии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷирати ин вазорат, Шӯъбаи кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи президент ва ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ирсол шудааст, аз ҷумла гуфта мешавад, “солҳои 2010 ва 2012 ташкилотҳои ҷамъиятии фаъол дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ чандин маротиба дар баррасии тарҳи қонуни мазкур иштирок карда, ташкилкунандаи матраҳи оммавии лоиҳаи қонун буд ва ҳамзамон якчанд тавсияҳо оид ба мукаммал намудани он пешниҳод карданд. Тибқи иттилои дар даст доштаи мо айни замон дар шакли тарҳи қонуни мазкур якчанд муқаррароти нав мавҷуд аст, ки қаблан дар мавриди баррасии ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор нагирифтаанд. Дар ҳамин замина, лутфан хоҳишмандем, барои гузаронидани баррасии тарҳи қонуни нав аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат намоед, чун ин баррасӣ ба хотири мукаммал намудани қонуни мазкур хоҳад буд”.
Дар идома омадааст, ки бо дарназардошти он ки ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ хизматрасонии ройгон пешниҳод карда, ҳар рӯз бевосита бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо сару кор доранд, “мо бовар бар он дорем, ки иштирок дар баррасии тарҳи нави қонун имконият медиҳад, ки ба сохторҳои ваколатдор ниёзи аслии муҳоҷирони меҳнатиро расонанд”.
“Таҷрибаи солҳои пешин нишон дод, ки баррасӣ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ба мукаммал намудани қонунгузории Тоҷикистон хизмат карда, ҳамкории сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро мустаҳкам менамояд, ки дар ин замина механизми идоракунӣ ва риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрвандро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам мекунад. Бинобар ин, умедворем, муроҷиати мо ба таври мусбӣ баррасӣ мешавад”,- омадааст дар ин муроҷиатнома, ки зери он 12 ташкилоти ҷамъиятӣ, бо шумули “Ахтари бахт”, “Иқдомҳои шаҳрвандӣ дар рушд”, “Ғамхорӣ”, “Дилафрӯз”, “Муҳоҷират”, “Перспектива плюс” ва ”Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон” имзо гузоштаанд.