Ҳамчунин, як гурўҳи чорнафараи сокинони ҷавони кишвар дар натиҷаи амалӣ сохтани чорабинии дигари оперативӣ-ҷустуҷўӣ аз тарафи кормандони раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор боздошт гардида, аз онҳо қариб 5 килограмм маводи нашъадори «чарс» мусодира карда шуд. Кормандони раёсати мазкур дар ҷараёни боз як амалиёти махсус аз шаҳрванд Саъдулло Хоҷаев, сокини ҷумҳурии Ўзбакистон қариб 2 килограмм маводи нашъадори ҳероинро, ки дар дохили бухории барқӣ (духовка) ҷой карда, онро ба шаҳри Хуҷанд интиқол доданӣ буд, мусодира карданд.
Субҳи 23 сентябри соли 2011 бошад, дар минтақаи дидбонгоҳи «Фархор»-и отряди сарҳадии Ҳамадонӣ наряди сарҳадӣ ҳангоми адои хизмат ба як гурўҳ қочоқчиён дучор гардид, ки онҳо ҳадаф доштанд ба таври ғайриқонунӣ ба қаламрави Тоҷикистон маводи нашъаоварро интиқол диҳанд. Дар натиҷаи задухўрди мусаллаҳона қочоқбари силоҳбадасти афғон нобуд карда шуд. Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса 1 автомати Калашников, 1 борхалта бо 5 кг маводи сахттаъсири ҳероин ва 2 борхалта бо банги ҳиндӣ дарёфт ва мусодира гардид. Тафтиши минбаъда муайян сохт, ки қочоқчии кушташуда сокини улусволии Дарқади вилояти Тахори Афғонистон Хол валади Пўлоди 47 сола мебошад. Номбурда муддати дароз ба қочоқи маводи нашъадор машғул буд.
Инчунин, шаби 23 ба 24 сентябри соли равон дар минтақаи дидбонгоҳи «Панҷи миёна»-и отряди сарҳадии Панҷ байни наряди сарҳадӣ ва гурўҳи қочоқбарони афғон задухўрди мусаллаҳона ба миён омад, ки дар натиҷа 2 қочоқчӣ - сарвари гурўҳи ҷиноятпешаи афғон Ғаффор валади Маҳмуд ва ҳаммаслаки ў кушта шуданд. Дар ҷойи ҳодиса 1 автомати Калашников бо тирдонаш, 1 камони шикорӣ ва 2 халта бо 30 килограмм маводи нашъаовар дарёфт ва мусодира карда шуд.Айни замон аз рўи ҳамаи ҳодисаҳои зикршуда парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот давом дорад.{jathumbnail off}