(АКС) Раҳмон ба зиёиён: Адабиёт қафомондаю асли таърих ноомӯхта аст...
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 19 март дар мулоқот бо зиёиён адабиёти муосири тоҷикро қафомонда ва ихтирооти олимонро нокофӣ хонда, афзудааст, мутаассифона, таърихи навини давлатдории миллии мо дар марзи ду аср воқеъбинона таҳлилу арзёбӣ нашудааст. Ӯ аз ҷумла зиёиёнро ба таблиғи таҳаммулгароӣ миёни мардум ва ба ҷасорату воқеъбаёнӣ даъват намудааст.
Раисиҷумҳур дар хитоб ба зиёиён гуфтааст, бояд бо дарназардошти дигаргуниҳои куллие, ки дар кишвари мо идома доранд, ба равандҳои ҷомеа аз диди нави таърихӣ баҳо диҳанд ва дурнамои рушди минбаъдаро муайян созанд: “Мутаассифона, таърихи навини давлатдории миллии мо дар марзи ду аср ва умуман таърихи ҳаёти иҷтимоӣ ба таври бояду шояд ва воқеъбинона таҳлилу арзёбӣ нашудааст ва навиштани таърих, инчунин таҳқиқи таърихи адабиёт бо диди нав ҳанӯз оғоз наёфтааст”.
Эмомалӣ Раҳмон мақсади муроҷиат ба таъриху адабиётро дар он арзёбӣ намуд, ки мо бояд ба ояндагон сабабҳои нотифоқиро дуруст шарҳ дода, зарурати таҳкими ваҳдати миллиро ба аҳли ҷомеа мунтазам талқин намоем: "Зеро эътиқодмандӣ ва эътимод ба таърих ва адабиёт такягоҳи устувори миллат ба шумор меравад”.
Ӯ аз ҷумла таъкид намудааст, ки равшанфикрон бояд садди роҳи ҳар гуна ақидаҳои тундравона гардида, зиракӣ ва боҷуръатиро аз даст надиҳанд.
Дар мавриди адабиёт раисиҷумҳур илова намудааст, ки “холисонаву мунсифона бояд гуфт, ки адабиёти мо аз замона қафо монда, ҳамаи комёбиҳои даврони истиқлолият ҳанӯз пурра ва дар паҳнои манфиатҳои имрӯзу фардои миллат ва давлат инъикоси бадеӣ наёфтаанд. Оид ба мавзӯъҳои сохтмони иншооти бузургу тақдирсози кишвар ва умуман раванди ободкориву созандагӣ асарҳои бадеӣ кам таълиф ёфта, проблемаҳои муҳимми иҷтимоӣ ва маънавӣ ҳамаҷониба инъикос намеёбанд. Вақти он расидааст, ки адибони тоҷик бештар ба таҳияи мақолаҳои публисистӣ ва очеркҳои проблемавӣ даст зада, мардумро аз рӯйдодҳои кишвар, дастовардҳои диёри азизамон, масъалаҳои рӯз ва хатарҳои даҳшатбори замонаи ноором огоҳ созанд”.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин ихторокории олимони тоҷикро нокофӣ хонда, изҳор доштааст, ки ихтирооти ба истеҳсолот алоқаманд барои мамлакати мо ниҳоят зарур мебошанд ва олимони соҳаҳои физика, кимиё, геология ва дигар илмҳои табиатшиносиву дақиқро зарур аст, ки тарзу усули фаъолияти худро ба замона мувофиқ карда, барои таҳқиқу омӯзиш ва кашфу ихтирооте, ки истеҳсолотро пеш баранд, саъю талош варзанд.
Эмомалӣ Раҳмон барои олимони ҷомеашинос муҳим хондааст, ки барои рушди устувори ҷомеа ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ пешниҳодҳои мушаххас ва таҳлилҳои саривақтӣ манзур намоянд, то мо барои пешгирӣ намудани ҳар гуна равандҳои носолим омода бошем ва ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизро таъмин гардонем: “Тарғиби дастовардҳои даврони истиқлолият, пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, рушди илму маориф ва санъату фарҳанг бояд вазифаи аввалиндараҷаи олимон қарор гирад”.
Раисиҷумҳур инчунин равшанфикронро вазифадор кардааст, ки ба муқобили ифротгароиву хурофот ва ақидаву андешаҳое, ки кишварро ба қафо мекашанд, мубориза баранд ва сиёсати дунявияти давлатро ба дигарон шарҳ дода, ҷомеаро аз таъсири ҳар гуна фарҳангу мафкураи бегона ҳифз намоянд: “Мо бояд ойини мадоро ва таҳаммулгароиро, ки дар фарҳангу мафкураи халқамон асрҳо боз идома меёбад, риоя намоем. Вобаста ба ин, аз тамоми зиёиён ва умуман аҳли эҷод даъват ба амал меорем, ки арзиши таҳаммулгароиро бештар густариш бахшида, мардумро ба ваҳдату сарҷамъӣ даъват кунанд”.Аксҳо аз торнамои расмии Президенти Тоҷикистон