Президенти фирорӣ гуфт, мехоҳад охирин нафасашро дар Ватан берун кунад
Аскар Акаев, раисҷумҳури собиқ ва фирории Қирғизистон, ки 10 сол мешавад, дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунад, гуфтааст, мехоҳад охирин нафаси худро дар Ватанаш берун кунад. Ӯ ин суханро дар суҳбат бо бахши қирғизии хабаргузории “Sputnik” иброз доштааст.
Аскар Акаев гуфтааст, даҳ сол аст, берун аз Қирғизистон зиндагӣ мекунад, вале дилаш мехоҳад, дубора ба Ватан баргардад: “Рагу пайванди ман ҳама қирғизанд, чаро имрӯз ман наметавонам, дар Ватан зиндагӣ кунам? Мехоҳам боқии умрро дар Ватан сипарӣ кунаму охирин нафасро дар Қирғизистон аз тан берун кунам”.
Ба гуфтаи раисҷумҳури пешини Қирғизистон, ӯ ҳатман рӯзе ба ин кишвар бархоҳад гашт: “Албатта, рӯзе ба Қирғизистон бармегардам. Чун ҳоло маро ҳукумати бо роҳи инқилоб ба қудрат омада намегузорад, ба Ватан оям”.
Аскар Акаеви 71-сола аз соли 1990 то 2005 зимоми қудратро дар даст дошт. Ӯ моҳи марти соли 2005, дар пайи инқилоби лолаӣ кишварашро тарк кард. Ӯву хонаводааш ҳоло дар Маскав машғули кору зиндагиянд. Интизор мерафт, Акаев рӯзи 5 августи соли 2014 барои иштирок дар азои бародари бузургаш, ки 2 август дар синни 82 даргузашт, ба Қирғизистон ояд, вале баъдан бо тавсияи мақомоти Кремл аз ин сафар худдорӣ кард.