Муҳаммади МУСАВӢ
Аз рўи силсиланаворҳои аз сўи ҷангиёни Давлати Исмломи Ироқу Шом (ДИИШ) дар интернет интишор меёфта маълум мешавад, ки ун тоифа кайҳо боз ба қавле ба хуни мардонии сиёсии Тоҷикистон «ташна»-анду барои вуруд шудан ба ин кишвари осоишта такопуи зиёде доранд. Яке аз таҳдидгарон мегуяд, аз Бағдодӣ иҷоза гирифта Тоҷикистон меояду дигар, омаданро хабар надона унвонии руҳонии маъруфи кишвар Ҳоҷи Мирзо ва Президенти мамлакат, ҳар чӣ мехоҳад, мегуянд. Ҳарчанд ҷиддӣ гирифтани ҳарфҳои он ҷоҳилон, кори хандаовар аст, аммо дар ин росто саволе пайдо мешавад, ки оё ин тудаи бетамкин Тоҷикистон меоянд?
Коршиносони рус бар он назаранд, ки мавҷудияти Хилофати Исломӣ мумкин аст, осоиштагии мамолики Осиёи Миёнаро барҳам занад. Ҳатто президенти Русия Владимир Путин чанд моҳ қабл ҳўшдор аз он дода буд, ки эҳтимол дорад, террористон ба Осиёи Марказӣ ҳуҷум биоранд. Мавҷудияти ДИИШ, ба гуфти Владимр Путин, аз ҳама беш ба Тоҷикистон хатар ворид мекунад. Зеро бисёре аз шаҳрвандони ин кишвари осиёӣ бо террористон якҷояанд.
Аммо раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, дар посух ба саволи рўзноманигорон, ки: «оё имкон дорад террористон ба кишвари мо дароянд?» чунин иброз намуд, ки: «дар ягон сурат ҷангиёни Давлати Исломӣ ба Тоҷикистон наметавонанд ворид шаванд», ва афзуд «армияи кишвари мо побарҷост»!
Ёдрас бояд шуд, ки 6 январи соли ҷорӣ шаҳрванди Кўлобшаҳр Нусрат, ки аксаран дар наворҳои видеоӣ, баромад мекунад, аз кишвари Сурия ба сардабири «Пайк» устод Аҳмади Иброҳим телефон карда, таҳдид бар он намуда буд, ки агар «Пайк» мақолаҳои зиддитерористӣ навиштанро хотима надиҳад, бо «одамони дар Тоҷикистон» будааш фармоиш медиҳад, идораи ин ҳафтавор ва коргаронашро оташ зананд. Баъди ин, кормандони «Пайк» барои он ки оё дарвоқеъ онҳо (ҷангиён) дар Тоҷикистон «одам» доранд ё не, тадқиқот гузаронид. Натиҷа ҳамон шуд, ки суханони Абухолиди Кўлобӣ (таҳдидгар) беасосанд. Ҳатто бародари ў, чунин суханони бемантиқонаи ўро рад карда, изҳор дошт, ки «агар Нусрат (исми аслиаш) одам медошт, ман ҳамон одамаш мебудам, лекин аз рангу руяш безорам. Ҳатто шиками фарзандон ва ҳамсарашро бо як машаққат ман сер мекунам». Раиси вилояти Хатлон низ дар Тоҷикистон «одам» доштани Абухолидро рад намуда, устод Аҳмади Иброҳимро бовар бар он кунонд, ки ҳеҷ хатаре на ба худи ў ва на ба коргаронаш таҳдид намекунад.
Дарвоқеъ ДИИШ ба Осиёи Миёна, билхусус Тоҷикистон меоянд ё не, норушан мемонад. Зеро коршиносон ва журналистони варзидаи кишвари мо бар онанд, ки ҳеҷ гоҳ ҷангиёни ДИИШ роҳ сўи Тоҷикистон пеш нахоҳанд гирифт. Аз ҷумла Сафват Бурҳонов журналисти варзида, бар он назар аст, ки ҳушдории коршиносони рус бар он аст, ки ин тоифа, боз чӣ бозии сиёсиеро ба кор бурданианд, чун ҳамагӣ чор мезананд, ки ДИИШ ба Осиёи Миёна аз ҷумла ба Тоҷикистон меоянд.
Мо ҳам бар он муътақидем, ки зуҳури бардавоми ДИИШ ягон гуна хатар ба Тоҷикистон надорад. Аммо дурустии чунин ақидаҳоро, албатта вақт нишон медиҳад.