Куштори боз як “бомж” дар Душанбе: Гумонбар дастгир шуд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, шаби 16 ба 17 март дар шаҳри Душанбе як “бомж” ё нафари бехона кушта шудааст.
Ин ниҳод мегӯяд, кушташуда А. Логинов, соли таваллудаш 1968 мебошад, ки феълан муттаҳам дар куштори ӯ боздошт шудааст: “Зимни тафтишот муайян шудааст, ки Велюгин.М, сокини 44-солаи Душанбе рӯзи 16-уми март, соати 21:30-дақиқа дар назди бинои истиқоматиаш бо шаҳрванд Логинов А муноқиша ва занозанӣ кардаанд. Сипас Велюгин М. бо корди ошхонагии дар дасташ буда, ба қафаси синаи Логинов А. мезанад, ки дар натиҷа ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан алайҳи Велюгин парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан низ Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе ҷасади шаҳрванд, Сухов Алексей Владимирович, соли таваллудаш 1972, бе ҷойи зист, бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд. Ба иттилои манбаъ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи умури дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ Роговой Сергей Владимирович, соли таваллудаш 1985, сокини Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев бо гумони даст доштан дар куштор дастгир шуда буд.
Вазорати умури дохилӣ гуфта буд, ки боздоштшуда аз сабаби муноқишаи байниҳамдигар се маротиба ба сараш бо оҳанпора мезанад, ки дар натиҷа Сухов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.