Дастури Аҳтам Абдуллозода барои оғози тамоми чорабиниҳои варзишӣ бо Суруди миллӣ
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мегӯяд, минбаъд тамоми варзишгарон танҳо бо назардошти натиҷаи иштирокашон дар мусобиқаҳои Тоҷикистон ба ҳайати тими мунтахаби кишвар ворид мешаванд. Ин тасмим дар пайи дастури ахири Аҳтам Абдуллозода, раиси ин Кумита эълон шудааст.
Наврӯз Қурбонов, масъули бахши иттилооти Кумита имрӯз, 19 март дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ин иқдом бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати чемпионатҳои Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудааст: “Истисно дар чунин ҳолат танҳо дар сурати зарурати фавқулода дода мешавад”.
Манбаъ мегӯяд, бо мақсади дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани чорабиниҳои варзишӣ дар сатҳи шаҳр, минтақа, вилоят ва ҷумҳурӣ бо фармоиши Аҳтам Абдуллозода, тамоми федератсияҳои варзишӣ, сохторҳои маҳаллии кумита ва дигар воҳидҳои дахлдор муваззаф шудаанд, дар муҳлати то 50 рӯзи баргузории чемпионат ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ таклифҳои худро ба Кумита ирсол намоянд. Тибқи ин дастур сохторҳои маҳаллии Кумита барои муайян намудани дастаи мунтахаби вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби варзишгарон марҳилаи интихобиро баргузор намуда, бо муайян кардани варзишгарони беҳтарин онҳоро барои иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ сафарбар менамоянд. Ба иттилои Наврӯз Қурбонов, “дар фармоиши мазкур аз масъулини соҳа тақозо мешавад, кушодашавии тамоми чорабиниҳои варзиширо бо оҳанги ифтихории Суруди миллӣ оғоз карда, раисони федератсияҳои варзишиву дигар ташкилотҳои ҷамъиятии соҳаи варзиш дар кушодашавии чемпионат ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ шахсан иштирок варзида, ба иштирокчиён доир ба мазмун ва моҳияти намуди варзиш ва корҳои ба анҷомрасонда барои рушди он дар кишвар маълумот манзур намоянд”.
Дар ин фармоиш инчунин гуфта шудааст, масъулин иштирокчиёнро барои таблиғи тарзи ҳаёти солим даъват намуда, 15 рӯз пеш аз баргузории чемпионати Тоҷикистон маводи тарғиботиро вобаста ба намуди варзиш, ҷой ва макони баргузории он дар байни шаҳрвандон паҳн намоянд.