“Истиқлол” дар меҳмонӣ бозиро мусовӣ кард
Дидори даври сеюми сабқати гуруҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) миёни тимҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Ал-Қодсия”-и Кувайт, ки 18 март дар варзишгоҳи “Алӣ Сабоҳ ал-Салим”-и Эл-Кувайт баргузор шуд, мусовӣ – 2:2 поён ёфт.
Ҳисобро дар дақиқаи сеюм мизбонҳо боз карданд. Бадр ал-Мутава ҷаримаи 11-метраро ба нишон расонд. Дар дақиқаи 36 Манучеҳр Ҷалилов ҳисобро баробар сохт. Дар поёни қисмати аввал Дилшод Восиев шумораи голҳои “Истиқлол”-ро ба ду расонд. Дар дақиқаи 54-ум Бадр ал-Мутава голи дуюми худро зад ва ҳисобро баробар намуд.
Ҳоло дар гуруҳи “С” дастаи “Ал-Қодсия” бо 7 хол дар ҷойи аввал аст. “Истиқлол”, ки 4 имтиёз дорад, дуюм ва “Аҳал”-у “Эрбил” бо сехолӣ мутаносибан сеюму чоруманд.
Бозиҳои даври чоруми сабқати гуруҳии гуруҳ чоршанбеи 15 апрел миёни тимҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон) – “Ал-Қодсия” (Кувайт) ва “Эрбил” (Ироқ) – “Аҳал” (Туркманистон) барузор мешавад.