ВИДЕО: Вазорати фарҳанг ҷузъиёти “Даргилак”-ро шарҳ дод
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ҳадаф ва зарурати баргузории Фестивали мусиқии “Даргилак”-ро, ки соли равон дар Душанбе баргузор мешавад, шарҳ додааст. Даргилак, як мусиқии маъмули мардумӣ ва хеле пурнуфуз дар Бадахшон мебошад.
Вазорати фарҳанг ҳадаф аз баргузории Фестивали “Даргилак”-ро “ҳифзи суннатҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва эҳёи мероси суннатии ниёгон, арзишҳои фарҳангии ғайримоддӣ, ҷонибдорӣ аз асолати фарҳангии ҳамаи халқҳои сокини Тоҷикистон” хондааст ва мусиқии суннатиро яке аз заминаҳо ва шаклу намудҳои фарҳанги Тоҷикистони муосир донистааст.
Дар шарҳи Вазорати фарҳанг омадааст, ки “дар Бадахшон сурудҳои мардумӣ хеле маъмул буда, жанрҳои фалак, мадҳияхонӣ, дафсоз (хонишҳои гуруҳии доирадастон), Даргилак, лалаик, булбулик, нанаик ва лапархонӣ ҳамчун падидаи нодир дар мусиқии суннатии мардум маҳсуб ёфта, то имрӯз мавқеи худро дар ҳаёти маънавӣ ва фарҳангии мардум нигоҳ доштаанд”.
Бар асоси шарҳи Вазорати фарҳанг Даргилак навъе аз назми шифоҳии мардуми Бадахшон буда, ба мисли байт аз ду мисраи ҳамвазну ҳамқофия таркиб ёфта, аз нигоҳи сохти шеърӣ аз сатрҳои ҳаштҳиҷоӣ иборат аст: “Мавзӯи асосии Даргилакҳо фироқу ҷудоӣ мебошад. Гӯянда ё сарояндаи асосии Даргилак занҳову духтаронанд, ки одатан бидуни сози мусиқӣ онро месароянд. Аммо мардҳо низ бо навои рубоб Даргилак мехонанд. Ҳиҷоҳои Даргилакро ҳангоми иҷро кашида, як навъ оҳанг ба вуҷуд меоранд. Дар вақти иҷро нақаротҳои «даргил, даргил», «даргил модик» «даргил ҷоник» ва монанди инҳоро истифода мебаранд”,-гуфта мешавад дар ин шарҳи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Маркази матбуоти ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки ҳифзи суннатҳои миллӣ татбиқи чорабиниҳои хосро тақозо менамояд ва баргузории Фестивали “Даргилак” ҳам ба ин хотир мебошад.