Ҳазор сомонии президент ба ҳар собиқадори ҷанг ва қаҳрамони меҳнати Исфара
Аз номи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба собиқадорони ҷангу қаҳрамонҳои меҳнати шаҳри Исфара бахшида ба Иди Наврӯз ҳазор сомониӣ ҳамчун туҳфа тақдим шудааст.
Иқбол Тешаев, сухангӯи ҳукумати Исфара дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин туҳфаи раисҷумҳури кишварро Даврон Зоҳидзода, шаҳрдори Исфара имрӯз, 18 март зимни чорабиние тақдим кардааст.
Ба гуфтаи Тешаев, дар Исфара беш аз 100 нафар собиқадорони ҷангу қаҳрамонҳои меҳнат ба сар мебаранд, ки дар ин маросим аз ҷониби раҳбарияти шаҳр бо туҳфаҳои идона қадрдонӣ шудаанд. “Шаҳрдори Исфара зимни суханронияш саҳму нақши собиқадорони ҷангу меҳнатро дар пешбурди ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва фарҳангию маънавии шаҳр ва ҳам тарбияи насли ҷавони Исфара муассиру чорасоз арзёбӣ намуда, онҳоро садри ҳама гуна маҳфилу ҷамъомадҳо ва лоиқи ҳама гуна қадршиносиву арҷгузориҳо маҳсуб донист”,-афзуд манбаъ.
Иқбол Тешаве мегӯяд, ҳукумати Исфара тасмим гирифтааст, бахшида ба Иди Наврӯз наздик ба 100 нафари дигар аз оилаҳои камбизоат кумаки ғизоӣ, аз қабили орду равған намояд.