Падар писари гумшудаашро дар Русия меҷӯяд
Рашид Калонов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дархост кардааст, ки барои ёфтани писари гумшудааш дар Русия кӯмак кунад.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Калонов Рашид арз кардааст, ки фарзандаш Калонов Асрорбой Рашидович соли таваллудаш 1982, зодаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 7 сол пеш ба Русия рафта бедарак шудааст.
Ин дар ҳолест, ки аз Тоҷикистон беш аз 1 миллион нафар дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки аксарашон муҳоҷири мавсимӣ мебошанд.