Ҳунарнамоии бидуни ҳиҷоби Шабнами Сурайё дар Канада
Шабнами Сурайё, хонандаи маъруфи поп, ки баъди “ҳоҷибибӣ” шуданаш дар охирҳои моҳи августи соли 2014 бо ҳиҷоб мегашт, дар охирин ҳунарнамоӣ дар шаҳри Калгарии Канада бидуни русарӣ зоҳир мешавад.
Дар як видеои кутоҳе, ки дар саҳифаи ба номи Шабнам бозшудаи Фейсбук гузошта шудааст, ӯ бидуни ҳиҷоб тарона иҷро мекунад. Дар аксҳое ҳам ки аз фурудгоҳи Канада гирифта шудаанд, Шабнам бидуни ҳиҷоб дида мешавад.
Баъди бозгашт аз Хонаи Худо Шабнам ва хоҳараш Фарзона дар мазҳари омм ҳамеша бо ҳиҷоб намоён мешуданд ва дар чанд ҳунарнамоӣ дар Душанбе низ бо чунин пӯшиш рӯи саҳна баромаданд.
Бино ба таблиғҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аст, Шабнами Сурайё дар Канада ду консерти муштарак хоҳад дошт, ки ба ҷашни Наврӯз бахшида шудаанд. 20 март ҳамроҳ бо Ориёно Саид, хонандаи шинохтаи афғон дар Торонто ва 21 март бо хонандаи дигари афғон - Валӣ дар Ванкувер ҳунарнамоӣ мекунад.