АКС: Дархости волидони аъзои “Ансоруллоҳ”-у “Ҷундуллоҳ” аз вазир
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, имрӯз, 18 март дар асоси супориши Президент сокинони вилояти Суғдро ба ҳузур пазируфтааст.
Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, барои қабули вазир, ки феълан идома дорад, беш аз 80 нафар номнавис шудаанд: “Муроҷиатҳои шаҳрвандон гуногун буда, баъзе падару модарони шаҳрвандоне, ки фарзандони онҳо барои шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, аз қабили "Ансоруллоҳ", "Ҷундуллоҳ" ва ғайра дар маҳбас қарор доранд, аз вазири корҳои дохилӣ хоҳиш намуданд, фарзандони онҳо аз маҳбас озод карда шаванд. Зеро онҳо аз кардаи худ пушаймон буда, гумроҳ шуда ба ин равияҳо аъзо гардидаанд. Бархе аз онҳо 4-5 фарзанд дошта, мехоҳанд ба назди оилаҳои худ баргарданд ва ба зиндагии осоишта машғул шаванд”.
Суҳбатҳои рӯбарӯи вазири умури дохилии Тоҷикистон дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи охири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ба ӯ дастур дод, барои ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳои кормандони ниҳоди таҳти раҳбарияш бо сокинони шаҳру навоҳии кишвар суҳбатҳои рӯбарӯ анҷом диҳад.