Мансаби нави Салимзода ва истеъфои Солеҳов
Шерхон Салимзода, собиқ додситони кулли Тоҷикистон, имрӯз, 18 март раҳбари Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили кишвар интихоб шудааст.
Салимзода дар ҳамоиши намояндагони иттифоқҳои касабаи мустақили кишвар Муродалӣ Солеҳовро иваз кардааст, ки то ҳол роҳбарии Федератсияи иттифоқҳои касабаро ба уҳда дошт. Тавре аз Федератсияи иттифоқҳои касаба ба "Озодагон" иттилоъ доданд, Солеҳов бо хоҳиши худ аз мақомаш истеъфо дода, ба нафақа рафтааст.
Шерхон Салимзода, ки аз 30 январи соли 2010 прокурори генералии Тоҷикистон буд, 24 январ аз симматаш барканор шуда, курсияш ба ихтиёри Юсуф Раҳмонов гузошта шуд. Дар пайи барканории Салимзода ҳамаи роҳбарони калидии ин ниҳод дар кишвар иваз шуданд.