Талоши нокоми шаҳрванди Тоҷикистон барои интиқоли саъба аз Русия
Дар фурудгоҳи шаҳри Челябински Русия зимни азназаргузаронӣ бору колои як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба самти Хуҷанд қасди сафар доштааст, 5 саъба ёфт шудааст.
Ба гуфтаи расонаҳои русӣ, ин парандаҳоро дастгоҳҳои рентгенӣ нишон надода ва танҳо аз сӯи сагҳои бӯйгир кашф шудаанд. Ба иттилои расонаҳо, шаҳрванди Тоҷикистон мехостаст, ин парадаҳоро ғайриқонунӣ дар дохили бағоч ба ватан биёрад, дар ҳоле ки ҳеч санаде барои интиқоли онҳоро надоштааст. Гуфта мешавад, муқарароти қонунгузории байтории Иттиҳоди гумрукӣ низ интиқоли саъбаро мамнӯъ кардааст. Парандаҳо аз ин шаҳрванди Тоҷикистон мусодира шуда, нисбат ба ӯ барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бар асоси муқаррароти марбут ба соҳаи байторӣ санад тартиб дода шудааст.