1300 $-нархи билети ҳарбӣ барои “негодний”-ҳо
Раёсати Оҷонсии мубориза бо фасод дар вилояти Суғд аз боздошти омӯзгори фанни омодагии дифои ҳарбии мактаби миёна хабар додааст, ки дар гирифтани пора барои ғайриқонунӣ омода намудани билети ҳарбӣ муттаҳам мешавад.
Тавре аз Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, 11 март ба раёсати ин ниҳод дар Суғд шаҳрванд Бобомуллоев К.Қ. муроҷиат карда, арз доштааст, ки омӯзгори фанни тайёрии ҳарбии мактаби миёнаи №38, ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров - Исматов Абдуқаюм Аҳмадҷоновиҷ барои омода кардани билети ҳарбии ғайриқобили амал барои адои хизмат, ба номи шаҳрванд Бобомуллоев К.Қ., 1300 доллари ИМА талаб кардааст. Ӯ илова кардааст, Исматов аз маблағи талабкардааш, рӯзи 6 март 200 долларро гирифта, 1100 доллари дигарро талаб карда истодааст: “12 марти соли 2015 Исматов Абдуқаюм баъди гирифтани 500 доллари ИМА дастгир карда шуда, далелҳои шайъӣ аз ӯ мусодира гардиданд”.
Ба иттилои Оҷонсии зидди фасод феълан алайҳи боздоштшуда ба иттиҳоми қаллобӣ - моддаи 247 қисми 2 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома доранд.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 12 март бо судури як фармон дастур дод, хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлаташонро адо кардаанд, рухсат дода шаванд ва даъвати наваскарон оғоз гардад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар фармони Эмомалӣ Раҳмон омадааст, шаҳрвандони солҳои таваллуди 1988-1997-и кишвар ба хизмати ҳарбӣ даъват гарданд. Раисиҷумҳур таъкид кардааст, ки мутобиқи моддаи 23-и қонуни Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" барои ташкил намудани даъвати шаҳрвандон раиси шаҳру ноҳия масъуланд.