Дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз сӯи кормандони милиса дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон «шираи камол» забту мусодира гардид.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКД, зимнан шаҳрванди 35-солаи давлати исломии Афғонистон-Шукрулло Ҳабибулло, сокини вулусволии Мазори Шариф бо иттиҳоми қочоқи маводи мазкур боздошт гардидааст. Мақомот мегӯянд, ӯ дар мусофиркаши хурди тамғаи «Хундай Старекс» , ки ба Салим Солиев таалуқ дошт, 199 килою 500 грамм «шираи камол»-ро бор карда, ба шаҳри Қӯрғонтеппа овардааст.Аз ин ҷо қочоқчии афғон маводи мазкурро тариқи автомашинаи КАМАЗ-и Баҳодур Холов ба ноҳияи Панҷ интиқол дода, дар манзили зисти Баҳриддин Сатторов пинҳон кардааст.
Оиди ин қазия далели шайъӣ гирифта шуда, тафтиши парванда идома дорад.{jathumbnail off}