Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Рӯзи ғалабаи Маскав иштирок мекунад
Дар назар аст, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар садри як ҳайати аз 14 то 20 нафарӣ даҳаи аввали моҳи майи соли равон озими шаҳри Маскав шавад. Ин иттилоъро масъулини сафорати Тоҷикистон дар Русия дар суҳбат бо расонаи “Известия” тасдиқ кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, масъулини сафорати Тоҷикистон гуфтаанд, Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои марбут ба 70-умин солгарди Рӯзи ғалаба дар майдони Сурх иштирок мекунад. “Сафари раҳбарияти Тоҷикистон дар садри як ҳайат ба Маскав ва иштирокаш дар ҷашни Рӯзи ғалаба дар нақша ҳаст, вале дар бораи теъдоди ҳайат ҳанӯз чизе гуфта наметавонем, шояд аз 14 то 20 нафар бошанд”,- изҳор доштаанд, масъулини сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Ба навиштаи “Исвестия”, то ҳол ҳудуди 30 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон, Арманистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Миср, Чин, Ветнам ва Исроил иштироки раҳбари худ дар ин чорабинии Маскавро тасдиқ кардаанд. Масъулини Кремл гуфтаанд, ба ҷашни 70-солагии Рӯзи ғалаба Барак Обама, раисҷумҳури Иёлоти муттаҳидаи Амрикро низ даъват кардаанд, вале то ҳол ба номаи худ ҷавоб нагирифтаанд.