Ифтитоҳи 6 парвандаи ҷиноӣ дар 1 рӯз барои савдо бо $
Мақомоти пулиси вилояти Суғд аз ифтитоҳи 6 парвандаи ҷиноӣ алайҳи савдогару харидорони мошин дар қаламрави вилоят хабар доданд, ки зимни додугирифт ба ҷои пули миллӣ асъори хориҷӣ-долларро истифода мекардаанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, мутобиқи қонунгузорӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ муомилоти пулӣ ва хариду фурӯш бояд бо пули миллӣ сурат бигирад, вале ёфт мешаванд, нафароне, ки даст ба қонуншиканӣ зада, нисбати пули миллӣ – сомонӣ беэътиноӣ зоҳир менамоянд:
Аз ҷумла, санаи 16.03.с.2015, аз ҷониби кормандони милитсия Бобохоҷаев Мақсуд Атохоҷаевич соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Хуҷанд ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ дастгир карда шуд. Номбурда санаи 14.03.с.2015 дар ҳудуди маҳаллаи 34, автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра”, рақами давлатиаш АВ 45-23 РТ 02-ро ба шаҳрванд Ҷумъаев Улуғбек соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ба маблағи 4700-доллари ИМА фурӯхтааст.
Ҳамчунин аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Конибодом шаҳрванд Отаҷонов Акмал Раҳмонҷонович соли таваллудаш 1965, ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ дастгир карда шуд, ки ӯ санаи 16.03.с.2015, соати 17:00-дақиқа, ҳамчун миёнарав дар ҳудуди ш.Конибодом автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, рақами давлатиаш ТҶ 49-51 СР 02-ро, ки ба шаҳрванд Обидов Дилшод Обидҷонович соли таваллудаш 1988, тааллуқ дорад, ба шаҳрванд Умаров Обид Ортиқович соли таваллудаш 1985, ба маблағи 3900-доллари ИМА фурӯхтааст.
Аз ҷониби кормандони милитсия дар шаҳри Истаравшан шаҳрванд Бердиев Зариф Сангинович соли таваллудаш 1961, соҳибкор, ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ дастгир карда шуд, ки ӯ санаи 16.03.с.2015, соати 10:00-дақиқа дар ҳудуди бозори фурӯши қисмҳои эҳтиётии автомашина, воқеъ дар кӯчаи Октябри ш. Истаравшан 16-адад чархро ба маблағи 4000-доллари ИМА фурӯхтааст.
Ҳамчунин аз ҷониби кормандони милитсияи ҳамин ноҳия Шокаримов Ҷамшед соли таваллудаш 1980, бо гумони муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ дастгир карда шуд. Номбурда санаи 15.03.с.2015, соати 14:00-дақиқа дар ҳудуди ш.Истаравшан автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Мерива”, рақами давлатиаш ЕС 74-64 РТ 02-ро ба маблағи 4800-доллари ИМА фурӯхтааст.
Аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар шаҳри Исфара бошад, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Юлдошев Абдуматаллим соли таваллудаш 1958, ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ дастгир карда шуд. Номбурда санаи 15.03.с.2015, соати 10:00-дақиқа дар бозори нақлиётфурӯшӣ, автомашинаи шахсиаш тамғаи “Мерседес-Бенс”, рақами давлатиаш ТҶ 82-89 СЕ 02-ро ба шаҳрванд Суфиев Рустам Маъруфович соли таваллудаш 1985, ба маблағи 390000-рубли Федератсияи Россия фурӯхтааст.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз пеш Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як соҳибкору як харидор дар бозори “Дӯстӣ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар дод, ки мошинро бо доллар хариду фурӯш мекардаанд.
Ин ниҳод мегӯяд, алайҳи боздоштшудагон ба иттиҳоми муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шудааст. Мақомоти пулис мегӯяд, 15-уми март муайян шуд, ки Баротов Мирҳомид, соҳибкори 31-сола аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Сатторов Фарҳод, сокини 22-солаи шаҳри Норак мошинро бо доллар фурӯхтааст, на бо пули миллӣ, ки ин ғайриқонунӣ мебошад: “Аз ҷумла Сатторов барои 1-адад автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” бо соҳибкор Баротов бо нархи 4000-доллари амрикоӣ созиш карда, ба охирон 3000-доллари амрикоӣ ва 65000-рубли Федератсияи Россия додааст”.
Мақомоти пулиси Тоҷикистон мегӯянд, феълан аз рӯи ҳамаи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.