Таъкиди Убайдулоев ба тағйироти кадрии ҷиддӣ дар Душанбе
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе дар ҷаласаи ахири худ аз сурат гирифтани як тағйироти кадрии ҷиддӣ дар ниҳоди таҳти раҳбарии худ хабар додааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Убайдуллоев дар ҷаласаи рӯзи 16 марташ гуфтааст, “ояндаи наздик бо роҳандозии таҳлили амиқи фаъолияти тамоми субъектҳои хоҷагидорӣ дар шаҳр, шурӯъ аз роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ нисбати масъулин оид ба мутобиқат дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ тадбирҳои кадрӣ андешида хоҳад шуд”.
Шаҳрдорӣ аз додситонии пойтахт ва раҳбарияти нави Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Душанбе хостааст, ба масоили вобаста ба замин, аз ҷумла ғасби замин ва сохтмонҳои ғайриқонунӣ чораҳои муассир андешида, дар доираи ваколатҳои худ волоияти қонунро таъмин кунанд.
Инчунин Убайдуллоев дастур додааст, аз зиёдаравиҳо дар иҷрои фаризаҳои динӣ пешгирӣ шуда, дар муҳлати як моҳ дар тамоми субъектҳои хизматрасонии коммуналии пойтахт либоси ягона ҷорӣ гардад. “Дар мавриди таъмини талаботи қонунгузорӣ дар бораи манъ доштани парвариш ва нигоҳдории чорвои хурду калони хонагӣ, бартарафсозии сохтмонҳои худсаронаи иҷтимоӣ, беҳдошти вазъи санитарию экологӣ, ғавновати бозори истеъмолӣ, хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, вусъати маъракаи сабзу хуррамгардонии шаҳр дастурҳои мушаххас ироа карда шуд”,-афзудааст дафтари матбуоти шаҳрдорӣ.
Ин дастур ва ҳушдори Убайдуллоев дар ҳолест, ки дар ҷаласаи аввали вакилони халқи тозаинтихоби шаҳри Душанбе номзадии ӯ ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон дубора пешниҳод гардида, ба боқӣ монданаш дар курсии шаҳрдории пойтахт низ ишораҳо шуд.