Тавсифи Президент аз нутқ, дониш ва костюми Абдуҳаллим Ғаффоров
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 17 март дар нахустин ҷаласаи Маҷлиси намояндагон даъвати панҷум Абдуҳалим Ғаффоров, вакили тозаинтихоб ва раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистонро тавсиф намуд.
Ғаффоров, ки ба ҳайси вакили куҳансолтарин нахустин ҷаласаи вакилони тоазинтихоби Маҷлиси намояндагонро раисӣ мекард, дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барномаи ҷаласаро муаррифӣ намуд.
Дар пайи баромади Ғаффоров, Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба ӯ гуфт, ӯро ҳамчун шахси донишманд дар гузашта ҳам мешинохт: “Ман шуморо мешиносам, одами донишмандед. Нутқи хуб ҳам доштаед”.
Дар идома раисиҷумҳур аз костюми Абдуҳаллим Ғаффоров низ тавсиф карда, ба ӯ офарин хонд. Дар посух Ғаффоров бо ибрози ташакур дасти Эмомалӣ Раҳмонро фишурд.
Абдуҳаллим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон мебошад, ки дар гузашта ба ҳайси рақиби Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентӣ иштирок намудааст. Ҳизби ӯ бо касби 5,5 дарсади овозҳо дар парлумони нав соҳиби як курсӣ шуд, ки ба он худи Абдуҳаллим Ғаффоров такя мезанад.