Курсии нави генерал Гулмаҳмадзода дар Агентии зидди коррупсия
Генерал Ҷамшед Гулмаҳмадзода сардори нави Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе таъйин шудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдорӣ рӯзи 17 март хабар додааст.
Гулмаҳмадзода, ки то ин дам раҳбарии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлонро бардӯш дошт, дар ин симмат Хайрзода Давлатбек Зайнидинро иваз кард, ки бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон ба курсии муовинии директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи нишаст.