Боздошти беш аз 70 нафар ба иттиҳоми узвият ба “Давлати исломӣ”
Мақомоти Туркманистон дар шаҳри Теҷен беш аз 80 нафарро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо гуруҳҳои ифротгарои “Давлати исломӣ” ва “Толибон” дастгир кардаанд.
Шаҳри Теҷен аз манотиқи наздик ба марзи Афғонистон ба шумор рафта, дар 200 километрии ҷанубу шарқи Ашқобод ҷойгир аст. Расонаҳои Туркманистон иттилоъ медиҳанд, ки ин боздоштҳо аз моҳи феврал ба ин тараф идома дошта, дар шиносоӣ ва боздошти ин афрод неруҳои Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Туркманистон ҷалб шудаанд.
Гуфта мешавад, қисме аз дастгиршудаҳо дар боздоштгоҳи тафтишотии маҳаллии AHD/3-и Вазорати корҳои дохилӣ ва қисме дар боздоштгоҳи AHD/2-и Кумитаи амнияти миллӣ дар Ашқобод нигаҳдорӣ мешаванд.
Мақомоти интизомии Туркманистон мегӯянд, афроди боздоштшуда бо гуруҳҳои ифротгарои “Давлати исломӣ” ва “Толибон” ҳамкорӣ доранд. Ин иттиҳом дар ҳоле аз сӯи мақомоти интизомии Туркманистон садо медиҳад, ки тибқи иттилои расонаҳо сокинони шаҳри Теҷен дар пайи боло рафтани нархи маводи ғизоӣ, беқурбшавии пули миллӣ, бекорӣ ва ҳал нашудани мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ барои роҳандозии минтинг дар ин шаҳр омодагӣ мебинанд. Ба гуфтаи шоҳидон тарс аз нооромӣ мақомоти Туркманистонро водор кардааст, барои саркуб намудани сардорону фаъолони тазоҳуроти эҳтимолӣ чораҳои фаврӣ бинанд. Тибқи ин чорандешӣ мақомоти Туркманистон “Қонун дар бораи тазоҳурот ва гирдиҳамоӣ”-ро қабул кард, ки метавонад чун силоҳ ба зидди тазоҳургарон истифода шавад.