Мансабҳои нави А. Азизӣ, А. Фелалиев ва Х. Юсуфӣ дар парлумон
Абдуҷаббор Азизӣ, ки дирӯз, 16 март бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз вазифаи ёрдамчии Президент оид ба кадрҳо барканор шуд, имрӯз, 17 март дар нахустин ҷаласаи парлумон муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагон интихоб гардид.
Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, ки дар рӯйхати номзадҳо ба вакилӣ дар парлумон аз Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон якум пешниҳод шуда буд, вориди парлумон гардида, дар симмати муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагон -- Амиршо Миралиевро иваз намуд. Инчунин тавре хабарнигори "Озодагон" аз парлумон хабар дод, Хайриниссо Юсуфӣ, вакили ҲХДТ аз рӯйхати ҳизбӣ ва Акрамшо Фелалиев, вакили ҳизби ҳоким аз ҳавзаи Хоруғ ба ҳайси муовинони раиси Маҷлиси намояндагон интихоб шуданд.
Абдуҷаббор Азизӣ 23 апрели соли 1955 дар ноҳияи Комсомолобод (ҳозира Нуробод) дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1976 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис, соли 2001 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва соли 2005 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси менеҷери идоракунии давлатӣ хатм кардааст. Соли 2009 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи "Роли тарбия дар ташаккул ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос" ҳимоя намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1976 ҳамчун муҳандис дар иттиҳодияи ноҳиявии "Тоҷиксельхозтехника" оғоз кардааст.
Аз соли 1979 то 1987 дар вазифаҳои гуногуни комсомолӣ (котиби озоди кумитаи комсомоли омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №57, мудири шӯъба, котиби якуми Кумитаи комсомоли ноҳияи Данғара, инструктори Кумитаи Марказии комсомоли Тоҷикистон ва котиби Кумитаи комсомоли вилояти Кӯлоб) кор кардааст.
Солҳои 1987-1991 дар вазифаҳои масъули ҳизбӣ (инструктор, мудири хонаи маорифи сиёсии Кумитаи ҳизби коммунисти вилояти Кӯлоб, мудири шӯъбаи ташкилии Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Данғара) фаъолият намудааст.
Солҳои 1991-94 директори Маркази шуғли аҳолии ноҳия, солҳои 1994-1995 муовини раиси ноҳияи Данғара ва аз соли 1995 то соли 2000 ба сифати Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрӣ адои вазифа намудааст.
Соли 2000 вакили Маҷлиси намояндагон аз ҲХДТ интихоб гардида, вазифаи муовини раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.
Аз соли 2001 то 2014 дар вазифаи Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо фаъолият намудааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 январи соли 2014 бинобар таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо таъин гардида буд.
Ба унвони фахрии "Корманди шоистаи Тоҷикистон" сарфароз гардонда шудааст. Оиладор падари 3 фарзанд мебошад.