Зуҳуров дар ҳузури Президент дубора раис интихоб шуд
Шукурҷон Зуҳуров, дар нахустин ҷаласаи Маҷлиси намояндагон даъвати панҷум имрӯз, 17 март бо ҷонибдории ҳамаи вакилони тозаинтихоб дубораи раис интихоб гардид.
Номзадии Зуҳуровро Абдуҳалим Ғаффоров, раисикунандаи нахустин ҷаласаи Маҷлиси намояндагон даъвати панҷум пешбарӣ кард. Тавре хабарнигори “Озодагон” аз ҷаласаи парлумон хабар дод, дар робита ба ин масъала 4 вакили парлумон баромад карда, аз номзадии Шукурҷон Зуҳуров ҳимоят карданд.
Дар нахустин ҷаласаи Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони кишвар даъвати панҷум Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳам иштирок дорад.
Як манбаи "Озодагон" гуфт, вакилони интихобшуда танҳо баъди тафтиш ва нишон додани шаҳодатномаи вакилӣ ба бинои парлумон роҳ дода мешуданд.
Шукурҷон Зуҳуров, ки дубора раиси Маҷлиси намояндагон интихоб шуд, 16 апрели соли 1954 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Академияи идоракунии Федератсияи Русия ва Донишгоҳи муҳандисӣ - заминсозии шаҳри Маскавро бо ихтисоси муҳандиси заминсоз хатм намудааст.
Дар вазифаҳои муҳандис - заминсози ноҳияи Ҳамадонии Хатлон, раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод), мудири шӯъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи президент, раиси ноҳияи Панҷи Хатлон, муовини роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент ва вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Шукурҷон Зуҳуров аз оғоз то охири гуфтушунидҳои сулҳи байни тоҷикон иштирок намуда, дар ду даври аввал (Москва, Теҳрон) раиси ҳайати ҳукуматӣ ва дар давраҳои дигар муовини аввали раиси ин ҳайат буд. Аз соли 1997 то соли 2000 бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон дар вазифаи раиси Зеркомиссияи муҳоҷирони Комиссияи оштии миллӣ кор кардааст. Ӯ дар як вақт, аз соли 1998 то соли 2000 вазифаи раиси Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои барқарорсозии баъдиҷангро иҷро намудааст.
Вакили Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати якум (1995 - 2000).
Шукурҷон Зуҳуров 28 феврали соли 2010 аз ҳавзаи интихоботии Рашт, №12 вакили Маҷлиси намояндагон даъвати чорум ва 16 марти соли 2010 дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон даъвати чорум раиси Маҷлиси намояндагон интихоб гардида буд. Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд аст.
Интихоботи нави парлумонии Тоҷикистон якуми марти соли ҷорӣ баргузор шуд ва намояндаҳои шаш ҳизби сиёсӣ ба парлумон роҳ ёфтанд. Бештари курсиҳо насиби ҲХДТ гардид. Ҳизбҳои аграрӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, коммунистӣ, сотсиалистиву демократӣ ҳам дар парлумони нав намоянда хоҳанд дошт, аммо танҳо Ҳизби аграрӣ, ки панҷ курсиро соҳиб шудааст, дар баробари ҳизби ҳоким ҳаққи ташкили фраксияро дорад. Бо ин ҳол, бино ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон раъйи лозим барои вуруд ба парлумонро соҳиб нашудааст. Дар парлумони гузашта ҲНИТ-ро дар Маҷлиси намояндагон ду нафар намояндагӣ мекард.