Аз 21 то 26 март. 6 рӯзи истироҳати Тоҷикистон барои Наврӯз
Бахшида ба ҷашни Наврӯз, ки ҳамасола дар таърихи 21 март таҷлил мешавад, дар Тоҷикистон 6 рӯзи истироҳат эълон шудааст.
Ба иттилои Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, аз 21 то 24 март рӯзҳои истироҳатӣ эълон шудааст. Масъулини ин ниҳод мегӯянд, азбаски санаи 21 ва 22 март ба рӯзҳои истироҳатии охири ҳафта - шанбе ва якшанбе рост меояд, 25 ва 26 март низ истироҳат хоҳад буд.
Бар асоси қонунгузориҳои Тоҷикистон, агар рӯзҳои ид ба рӯзҳои истироҳат рост оянд, пас рӯзҳои навбатии корӣ ҳамчун рӯзи истироҳат эълон мегардад. Аз ин рӯ, аз 21 то 26 марти соли равон бахшида ба ҷашни Наврӯз истироҳат эълон гардидаанд.
Аз ин пеш сокинони Тоҷикистон ба хотири рост омадани 8 март, ки Рӯзи модарон дар кишвар эълон шудаасту ба рӯзи истироҳатии охири ҳафта рост омада буд, санаи 9 март низ истироҳат доштанд. Дар умум бо шумули рӯзҳои истироҳатии охири ҳафта сокинони Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2015, 14 рӯз истироҳат хоҳанд кард.