АКС: Донишгоҳи омӯзгорӣ аввалин шуда Наврӯзро ҷашн гирифт
Имсол дар шаҳри Душанбе таҷлили ҷашни Наврӯз аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оғоз шуд.
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон миёни муассисаҳои дигари кишвар яке аз аввалинҳо шуда ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил кард. Аскар Ҳаким, шоири халқии Тоҷикистон, сафирони Афғонистону Укроин ва намояндаҳои сафоратҳои Русия, Туркманистон ва Чин аз меҳмонони ин чорабинӣ буданд.
Созмони милали муттаҳид моҳи феврали соли 2010 наврӯзро ҷашни ҷаҳонӣ эълон кард. Аввалин ҷашни байналмилалии Наврӯз соли 2011 дар Эрон таҷлил шуд. Солӣ 2012 Тоҷикистон, соли 2013 Туркманистон ва соли 2014 Афғонистон мизбони ин ҷашн буданд.