Шубҳаи Кумитаи амният аз ташхиси Донишкадаи назди Президент
Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳаҷми зарари маънавии Шаҳбол Мирзоев, сарбози латту кӯбшудаи тоҷикро, ки кафедраи психология ва сотсиологияи Донишкадаи идоракунии давлатии назди раисиҷумуҳури кишвар 180 ҳазор сомонӣ муайян кардааст, шубҳанок хонда, хостори аз нав ва дар ҷои дигар анҷом додани ташхиси психологӣ барои муайян кардани ҳаҷми зарари маънавӣ шуд.
Давлат Сафаров, намояндаи Сарраёсати қушунҳои сарҳадиии КДАМ имрӯз, 16 март зимни мурофиаи додгоҳии Шаҳбол Мирзоев даъват кард, ташхиси нави психологӣ дар назди мутахассисони донишгоҳҳои кишвар гузаронида шавад: “Ин ташхисро аз рӯи методи яке аз профессорони рус -- Эрделевский гузаронидаанд, ҳол он ки дар донишгоҳҳои худамон мутахассисоне ҳастанд, ки метавонанд ташхиси психологӣ гузаронанд. Чаро аз рӯи методи Эрделевский гузаронида мешавад?”.
Давлат Сафаров, ки дар мурофиаҳои қаблии Шаҳбол ба ҳайси айбдоркунандаи давлатӣ баромад мекард, дар мурофиаи ахир ҳамчун намояндаи сарраёсати қушунҳои сарҳадӣ муаррифӣ шуд. Дар мурофиаи рӯзи 16 март Абдулфайз Шукурзода айбдоркунандаи давлатӣ буд.
Шубҳанок хондани ташхиси психологии Шаҳбол Мирзоев аз сӯи оқои Сафаров дар ҳолест, ки Дилшод Ҷӯраев, вакили мудофеи ин сарбози латту кӯбшуда мегӯяд, ташхис аз ҷониби яке аз донишкадаҳои бонуфузи назди раисиҷумҳури Тоҷикистон гузаронида шуда, ҳоҷҷати ташхиси такрорӣ нест.
Дар ин мурофиа Усмоналӣ Ғайратов, куҳнасарбозе, ки дар маъюб кардани Шаҳбол гунаҳкор ҳисобида мешавад низ бо дархости Сарраёсати қушунҳои сарҳадии КДАМ ба ҳайси ҳамҷавобгар ба толори додгоҳ оварда шуд. Ӯ иброз дошт, ба пардохти маблағе, ки ҷониби Шаҳбол Мирзоев талаб дорад, розӣ шуда наметавонад, зеро хонаводаи онҳо тавони пардохти чунин маблағи ҳангуфтро надорад: “Мо аз куҷо меорем ин қадар маблағро, ман фақат бо ӯ гушти гирифта будам”.
Вакили дифои Усмоналӣ Ғайратов низ гуфт, ҳарчанд ташхиси Шаҳбол Мирзоев аз ҷониби як ниҳоди давлатӣ гузаронида шудааст, вале ин маъони онро надорад, ки он беғаразона анҷом шуда бошад: “Бино бар ин мо низ аз судя дархост мекунем, бори дигар ташхис гузаронида шавад”.
Зебунисо Саидова, додраси парвандаи Шаҳбол баъди шунидани баромади ҷонибҳо мурофиаи додгоҳиро то анҷоми ҷашнҳои наврӯзӣ ба таъхир гузошт. Ахиран, Кафедраи психология ва сотсиологияи Донишкадаи идоракунии давлатии назди раисиҷумуҳур баъди гузаронидани ташхиси психологӣ, ҳаҷми зарари маънавии Шаҳбол Мирзоев, сарбози латту кӯбшудаи тоҷикро 180 ҳазор сомонӣ муайян кард, ки нисбат ба маблағи қаблан талабдоштаи хонаводаи Мирзоев аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, бештар мебошад.
Гулчеҳра Холматова, вакили дифои хонаводаи Шаҳбол Мирзоев дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, минбаъд дар додгоҳ ба ҷои 144 ҳазор сомонии қаблӣ аз қушунҳои сарҳадии КДАМ 180 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ талаб хоҳанд кард. Пештар хонаводаи Шаҳбол Мирзоев аз Сарраёсати қушунҳои сарҳадии КДАМ 97 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари моддӣ ва 144 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ талаб карда буд, ки боиси норозигии ҷавобгар гардид.
Қаблан Додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе ду дархости Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, аз ҷумла дархост барои радди даъвои хонаводаи Шаҳбол Мирзоевро алайҳи ин ниҳод қонеъ накард. Зоиршо Назиров, ки қаблан ба ҳайси намояндаи Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар мурофияҳо ширкат мекард, дар додгоҳ гуфта буд, дар расонидани зарари моддӣ ва маънавӣ ба Шаҳбол - куҳнасарбоз Усмоналӣ Ғайратов ва Гулрухсор Ширинова, навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 гунаҳкоранд ва маҳз онҳо бояд дубора ба ҷавобгарӣ ҷалб шаванду ҷубронро пардохт кунанд. Аммо Зебуниссо Саидова, раисикунандаи мурофиаи додгоҳии Шаҳбол Мирзоев дар Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе ин дархости Сарраёсати қушунҳои сарҳадиро рад намуд. Ҳамчунин раисикунандаи мурофиа дархости дигари Сарраёсат дар мавриди омӯзиши дигарбораи хароҷоти ташхису табобати Шаҳбол Мирзоев дар Русияро низ рад карда буд.
Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, соли гузашта довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 8 марти соли 2014 аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди латту кӯби шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад. Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе низ баъд аз таҳқиқи ин қазия эълон карда буд, “гардани Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи маҷбуран гуштӣ гирондани ӯ бо кӯҳнасарбоз - Усмоналӣ Ғайратов шикастааст”.
19 июни соли сипаришуда Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Усмоналӣ Ғайратовро дар латту кӯби Шаҳбол Мирзоев гунаҳкор дониста, нуҳ сол аз озодӣ маҳрум кард. Бар асоси ҳукми додгоҳ, Гулрухсор Ширинова -- навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 низ муҷрим шинохта шуда, даҳ дарсади маоши яксолааш ба фоидаи давлат рӯёнда хоҳад шуд.