Ҷангҷӯёни ДИИШ қабри Саддом Ҳусейнро тарконданд
Бар асоси иттилои расонаҳо қабри раисиҷумҳури собиқи Ироқ -- Саддом Ҳусейн дар шаҳри Тикрит рӯзи 15 март бар асари муҳорибаҳои шадид миёни ҷангҷӯёни ДИИШ ва неруҳои давлати Ироқ тахриб шудааст.
Дар интернет наворе чарх мезанад, ки дар он вайрон кардани мақбараи роҳбари собиқи Ироқ забт шудааст. Як намояндаи ҷузъу томҳои шииён, капитан Ёсир Наума изҳор доштааст, дар ин минтақа қувваҳои бисёр муҳташами ДИИШ ҳузур дошта, минтақаро минкорӣ намудаанд.
Моҳи ноябри соли 2014 ҷангҷӯёни ДИИШ қабри падари Саддом Ҳусейн ва масҷидеро, ки ба он наздик буд, тарконда буданд.