Пешниҳоди номзадии Амонулло ба узвияти Маҷлиси миллӣ
Номзадии Хайруллои Амонулло, иҷрокунандаи нави вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб ба узвияти Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Тавре аз шаҳрдории Кӯлоб хабар доданд, ин тасмим дар пайи ҷаласаи вакилони халқии тозаинтихоби шаҳри Кӯлоб даъвати панҷум гирифта шудааст.
Хайруллои Амонулло, ки аз моҳи январи соли 2014 ба ҳайси муовини раиси вилояти Суғд кор мекард, 3 феврали соли равон бо як фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таъин шуд.
Ӯ дар соли 1992 ба ҳайси челонгари колхози ба номи Ленини ноҳияи Фархор кор карда, замоне дар вазифаҳои муҳандиси шӯъбаи энергетикию механикии заводи арматураи ба номи Орҷоникидзеи шаҳри Душанбе, директори ҷамияти саҳҳомии шакли кушодаи “Корхонаи арматура”-и шаҳри Душанбе, муовини сардори Департаменти саноати мошинсозӣ, электронӣ ва электротехникии Вазорати саноати Тоҷикистон, сардори Раёсати саноати мошинсозӣ ва кимёи Вазорати саноати Тоҷикистон, сардори Раёсати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химияи Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон кор карда, аз соли 2010 то ба курсии муовини раиси вилояти Суд нишастан, дар мансаби муовини Вазири энергетика ва саноати фаъолият дошт.
Аз ин пеш дар нахустин ҷаласаи Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе номзадии Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ва раиси пешини палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ба узвияти Маҷлиси миллӣ пешниҳод шуд.
Бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё худ палатаи болоии парлумони кишвар 27 марти соли 2015 таъйин шудааст.