Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён 19 март мулоқот мекунад
Мулоқоти навбатии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо равшанфикрон имсол 19 март баргузор мешавад.
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён ба як вохӯрии анъанавӣ табдил шуда, ки чанд соли охир дар остонаи иди Наврӯз баргузор мешавад. Соли гузашта он дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон сурат гирифта буд.
Дар ин мулоқот, ки бештар шоиру нависандагон ва олимони марказҳои таҳқиқотӣ ва донишгоҳҳои кишвар иштирок мекунанд, бештар рӯйи масоили фарҳангии кишвар баҳс мешавад. Дар солҳои ахир аз шеваи иштироки равшанфикрон дар ин мулоқот расонаҳо танқидҳои шадид карда будаанд, ки онҳо ҷасорат надоранд, ба раиси ҷумҳур масъалаҳо ва мушкилоти калидии ҷумҳуриро ба баҳс бикашанд.
Дар назар аст, мулоқоти навбатиро шабакаҳои телевизионии давлатӣ мустақим пахш кунанд.