Корҷӯён соҳиби кор мешаванд?
Рӯзи 20-уми майи соли равон дар бинои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод барои ҷавонону занони корҷӯ баргузор мегардад.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират хабар доданд, ки ин чорабинӣ бо ташаббуси вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Кумитаи кор бо занон ва оила ташкил карда шудааст . Дар ярмарка роҳбарон ва масъулини корхонаю муассисаҳо ва дигар корфармоён иштирок намуда, ҷойи кории холӣ марбут ба касбҳои занонаро аз ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ дар соҳаи сохтмон, маориф, тандурустӣ, хизмати маишӣ пешниҳод менамоянд. Инчунин ба шахсоне, ки ихтисос надоранд барои азхуд намудани касбу ҳунарҳо ба муассисаҳои таълимии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират роҳхат дода мешавад.