Кремл аз сафари Путин ба Остона дубора хабар дод
Вохурии раҳбарони се кишвари пасошӯравӣ, Русияву Беларусия ва Қазоқистон дар шаҳри Остона, ки ба таъхир афтода буд, дубора ба рӯзи 20 марти соли равон гузошта шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кремл хабар дода, гуфтааст, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо даъвати ҳамтои қазоқаш – Нурсултон Назарбоев ба хотири иштирок дар ин мулоқоти сеҷониба рӯзи 20 марти соли равон озими шаҳри Остона мешавад.
Ба иттилои манбаъ, интизор меравад, президентҳои Русияву Беларусия ва Қазоқистон дар ин мулоқоти сеҷониба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷории се кишвар ва раванди рушди иқтисодии ҷаҳонро баррасӣ карда, вазъ дар Украинаро низ ба баҳс кашанд. Дафтари матбуоти Кремл афзудааст, ки дар ҳошияи ин сафари раисҷумҳури Русия ба Остона вохурии расмии ӯ бо Назарбоев низ дар назар аст.
Ин дар ҳолест, ки қарор буд, вохурии Путин бо Назарбоев бо иштироки Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларусия рӯзи 13 марти соли равон баргузор шавад, вале бо сабабҳои номаълум лағв шуд.
Нашри ин иттилоъ аз сӯи Кремл замоне сурат мегирад, ки дар пайи лағв шудани сафари расиҷумҳури Русия ба Остона тайи чанд рӯзи охир хабарҳои зидду нақизе дар бораи Путин нашр шуда, баъзе аз расонаҳо бо такя ба ҳозир нашудани ӯ дар мазҳари ом фарзияҳоеро матраҳ карданд, ки бемории шадид яке аз асоситаринҳо маҳсуб меёфт.