Номаи Сироҷиддин Аслов ба шайх Сабоҳ Холид
Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо шайх Сабоҳ Холид, раиси Девони вазирон ва вазири умури хориҷии ин кишвар мулоқот кардааст.
Ба навиштаи Оҷонси иттилоотии "Кувайт", ин вохурӣ рӯзи 15 март дар шаҳри Кувайт баргузор шудааст.
Дар ин дидор, Зубайдулло Зубайдов номаи Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистонро ба шайх Сабоҳ Холид тақдим кардааст, ки ба хотири таҳким ва тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар дар тамоми соҳаҳо навишта шуда буд.