Боздошти “шогирди тоҷики қотили машҳури СССР” дар Маскав
Маъмурини пулиси Маскав охири ҳафтаи гузашта-13-уми март, Анушервон Раҳмонов, шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистонро боздошт намудаанд, ки дар куштори 7 нафар муттаҳам мешавад. Пулис мегӯяд, боздоштшуда ҷиноятҳояшро аз рӯи тарҳи қотили машҳури замони шӯравӣ Владимир Ионесян бо лақаби “Мосгаз” амалӣ мекардааст.
Тибқи иттилоияи пулиси Маскав “аз моҳи октябри соли гузашта то ҳол дар минтақаҳои ҷануб, шимол ва ҷанубу ғарбии Маскав силсилаи кушторҳо бо истифода аз корд содир шудаанд, ки тибқи осори ҷиноят ин ҳама кори дасти як нафар мебошад. Қотил худро корманди “Мосгаз” муаррифӣ карда, бо баҳонаи санҷиши қубурҳо ба хона роҳ меёфтааст ва бо истифода аз корд ҷиноятҳояшро содир мекардааст. Баъди ҷиноят маблағу маҳсулоти заргариро гирифта, аз ҷои ҳодиса ғайб мезадааст. Дар бархе ҳолатҳо барои нобуд кардани осори ҷиноят хонаро оташ мезадааст, ё газро мекушодааст, то таркиш ба амал ояд”.
Манбаъ мегӯяд, дар пайи санҷиши сабти дастгоҳҳои наворбардории даромадгоҳи хонаҳо ва пайгирӣ кардани зангҳои телефонӣ дар минтақаи ҷиноят муттаҳам муайян ва боздошт шуд.
Ба иттилои пулис ҳадафи қотил зани солхӯрда дар ҷанубу ғарби Маскав, соҳибхоназан дар кӯчаи Башилов ва як оилаи дигар дар кӯчаи Нагатинск қарор гирифтаанд. Расонаҳои русӣ аз қавли манобеашон дар пулис менависанд, боздоштшуда бо мақсади ғорат соҳибхонаҳоро мекуштааст ва аллакай гуноҳашро эътироф кардааст.