Пайдо шудани ҷасад аз зери тарма баъди 21 руз ва ҷустуҷуйи ду ҷасади дигар дар Айнӣ
Ҷасади Абдураҳмон Солихӯҷаевро баъди 21 рӯз аз зери тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, дар мавзеи ноҳияи Айни пайдо карданд ва кофтукови ҷасади ду ҳамсафари дигари ӯ -- бародарон Иномҷон ва Илҳом Мирмуҳамммедовҳо идома дорад. Дар ин бора ба "Озодагон" Абдумалик Абдуҳамидов, сардори гуруҳи зудамали бахши изтирории вилояти Суғд хабар додааст.
Боркаши Дулане, ки Абдураҳмон, Иномҷон ва Илҳом савори он буданд, 22 феврали соли ҷорӣ дар мавзеи ноҳияи Айнӣ зери тарма монд ва ба чуқурии 300 метр сарозер шуд. Ба иттилои расида, ин мошин ҳомили гази моеъ будааст.
Манбаъ мегӯяд, феълан кормандони Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Айнӣ ҳамроҳ бо аҳолӣ ба ҷустуҷӯйи ҷасади ду бародар идома медиҳанд.